ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон ба ин тазоҳурот мепайвандад ва аз тамоми бародарону хоҳарони муборизи муқими Урупо лутфан хоҳиш мекунад, ки бо истифода аз имконият ва фурсат ба тазоҳуротҳои эълонкардаи Ҳаракати Сиёсии Гурӯҳи 24 барои пайдо ва раҳоии роҳбари «Гурӯҳи 24» Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия Насимҷон Шарифов бипайванданд!

Замон: 14.03.2024 соати 11:00

Макон: Kölnstraße 10, 50354 Hürth, Deutschland

Инчунин, дар эълони расмии «Гурӯҳи 24» омадааст: «Аз тамоми бародарон ва хоҳарон хоҳиш менамоем, ки нисбат ба тақдири ин ду бародари мубориз, ки ҳаёти худ ва буду набуди хешро дар роҳи озодии мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон фидо кардаанд, бетараф набошанд! Аз шумо бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки дар ин тазоҳурот ширкат намоед. Пешопеш ба ҳар яки шумо сопосгузорем! Бо эҳтироми вижа Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24»

Тамос бо мо: …+4915234648861″

Зимнан, рӯзи ҷумъа, 15.03.2024 дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш, дар рӯ ба рӯи бинои Сафорати Ҷумҳурии Туркия низ як тазоҳуроти густурда дигаре хоҳад гузашт.

Макон: Prinz-Eugen-Strasse 40, 1040 Vienna.

Ҳар нафаре имконият дорад лутфан иштирок кунад!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон

13.03.2024

Оставьте комментарий

Создайте бесплатный сайт или блог на WordPress.com.

Вверх ↑