Ба муносибати зодрӯзи Ҳикматулло Сайфуллозода

Имрӯз (01.05.2024) устод Ҳикматулло Сайфулозода, зиндонии сиёсӣ, раиси дастгоҳи иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, сармуҳарири рӯзномаи Наҷот зодрӯз доранд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) устод Ҳикматулло Сайфуллоҳзодаро ба ин муносибат табрик ва таҳният намуда, барояшон сиҳҳатӣ ва саломатии бардавом, хушбахтии дорайн ва таманнои ҳар чи зудтар озодии устодро аз зиндони низоми худкомаи Эмомалӣ Раҳмон дорад.

Домулло, ки синнаш ба 74 расидааст дар зиндон бандист, мебоист дар озодӣ даврони пирӣ мегузаронд, мутаассифона низоми худкомаи Тоҷикистон бо тӯҳмат, ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо бераҳмии хос дар зиндон нигоҳ медоранд.

Низоми худкомаи Эмомалӣ Раҳмон ба дараҷаи уқдаӣ шудааст, ки ба пирамарди 74 сола ҳам раҳм надорад, бо баҳонаи сохтаю дурӯғ барои солҳои тӯлонӣ устод Ҳикматулло Сайфуллоҳзодаро пушти панҷара нигоҳ доштаанд. Озодӣ ба устод Ҳикматулло Сайфуллоҳзода ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

01.05.2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com.

Вверх ↑